Нашри монографияи илмӣ оид ба коркарди маҳсулотҳои ғайриасосии истеҳсолоти кислотаи фторид бо истифода аз маъданҳои гилхокдошта
Дар монография марҳилаҳои асосӣ ва хусусиятҳои физикавию химиявии ҳосил намудани намакҳои фтордор аз маҳсулоти иловагии корхонаи ҶДММ «ТАЛКО Кемикал» – омехтаи кислотаҳои гидрогенсилитсийфторид ва фторид таҳлил шудаанд. Қонуниятҳои безараргардонии омехтаи кислотаҳо бо гидроксидҳои натрий ва алюминий, инчунин таҷзияи варақсангҳои мусковит-ставролити кони «Курговад» ва гилҳои каолинии кони «Чашма-Санг» мавриди омӯзиш қарор гирифтанд. Ҳадафи кор – ба даст овардани пайвастҳои арзишманд (фториди алюминий, фториди натрий, криолит, дуоксиди силитсийи аморфӣ, шишаи моеъ) мебошад, ки дар саноат васеъ истифода мешаванд. Таҷрибаҳо имкон доданд, ки параметрҳои равандҳо оптимизатсия шуда, шароити самараноки ҷудо кардани маҳсулоти мақсаднок муайян карда шавад.
Монография барои химик-технологҳо, донишҷӯёни ихтисосҳои металлургӣ ва коркарди ашёи хоми гилхокдори муассисаҳои олии таълимӣ, инчунин барои аспирантҳо, докторантҳои PhD ва кормандони илмӣ, ки дар соҳаи маводҳои гилхокдор ва истеҳсоли алюминий кор мекунанд, тавсия дода мешавад.